Шаҳодати чаҳор эронӣ дар ҳамлаи террористии ДИИШ дар шимоли Ироқ
(last modified Fri, 21 Oct 2016 11:52:01 GMT )
Октябр 21, 2016 16:52 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати чаҳор эронӣ дар ҳамлаи террористии ДИИШ дар шимоли Ироқ

Ҳамлаи террористии гурӯҳи ДИИШ ба шаҳри Киркук, дар шимоли Ироқ муҷиби шаҳодати чаҳор муҳандиси эронӣ шуд.

Ба гузориши "Пресс ТВ", дар ҳамлаи террористҳо ба сохтмонҳои давлатӣ ва нерӯгоҳи барқии Киркук, дар шимоли Ироқ, 12 ироқӣ ва 4 муҳандиси эронӣ шаҳид ва се муҳандиси эронӣ низ захмӣ шуданд.

Бино бар эъломи манобеи амниятии Ироқ, гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамалоти террористиро бар ӯҳда гирифтааст.

Шабакаи телевизионии "Алолам" ҳам гузориш дод, нерӯҳои амниятии Ироқ дар ин замина панҷ террористро дар Киркук ба ҳалокат расониданд.

Пас аз шикасти террористҳо дар амалиёти озодсозии Мусил ва манотиқи дигари Ироқ, афроди ДИИШ таҳаррукоти террористии худро дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар афзоиш додаву ба куштори ғайринизомиён рӯй овардаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни маҳкумияти ин ҳамлаи террористӣ гуфт: "Террористҳо дар Ироқ нафасҳои охирро мекашанд ва анҷоми амалиёти террористӣ ва куштори ғайринизомиёни бегуноҳ интиқоме аст, ки дар баробари шикастҳои худ дар майдонҳои набард мегиранд.

Баҳроми Қосимӣ бо ибрози таассуфи шадид аз ин иқдоми ваҳшиёна, бо хонаводаи шуҳадои эронии ҳамлаи террористии Киркук иброз ҳамдардӣ кард.