Март 31, 2021 09:45 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Эрон дар баробари Сурия
    Пирӯзии тими миллии футболи Эрон дар баробари Сурия

Тими миллии футболи Эрон тавонист бо се гол тими миллии Сурияро дар як бозии дӯстона шикаст диҳад.

Миллипӯшони футболи Эрон, ки рӯзи сешанбе дар як бозии дӯстона дар варзишгоҳи Озодии теҳрон муқобили Сурия қарор гирифтанд  дар ниҳоят тавонистанд бо голҳои Муҳаммадҳусейн Канъонизодагон дар дақиқаи як. Сардор Озмун дар дақиқаи 38 ва Карим Ансорифард дар дақиқаи 81 Сурияро дар бистуҳаштумин тақобули футболии ду кишвар шикаст диҳанд.

Баъд аз пирӯзиҳои Скочич бо тими миллии футболи Эрон муқобили тимҳои Узбакистон ва Босния, ин саввумин бурди пайдарпайи мураббии хорватӣ бо Эрон буд.

Барчасп