Март 31, 2021 13:41 Asia/Dushanbe
  • Сафҳаи Пресс ТВ дар Ютуб масдуд шуд
    Сафҳаи Пресс ТВ дар Ютуб масдуд шуд

Бори ҳафтум, Google бидуни ҳеҷ гуна огоҳии пешакӣ, Пресс ТВ -ро аз дастрасӣ ба ҳисоби шабакаи Ютуб маҳрум кард.

 Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, ширкати амрикоии Гугл бори дигар ҳисоби шабакаи Пресс ТВ дар платформаи сервиси иштироки видео дар Ютубро масдуд ва иллати ин тасмимро нақзи дастуруламалҳои ин платформа тавассути ин шабакаи англисизабони Пресс ТВ унвон кард. 

Дар паёме, ки аз сӯи Гугл дар ин робита мунташиршуда, омадааст: Мо муҳтавои шуморо баррасӣ кардем ва мутаваҷҷеҳи нақзи шадид ё мукаррари дастуруламалҳои платформаи худ шудем. Ба ҳамин далел, канали шуморо аз Ютуб ҳазф кардем.

Охирин боре, ки Гугл иқдом ба масдудсозии ҳисоби расмии Ютуб шабакаи Пресс ТВ кард ба сентябри соли гузашта бармегардад, ки дар он маврид низ ҳазфи ин аккаунтт бидуни ҳушдори қаблӣ, аммо ба баҳонаи нақзи қавонини содирот сурат гирифт. 

Дар тайи солҳои ахир, ширкатҳои фанноварии амрикоӣ борҳо даст ба чунин иқдомот алайҳи расонаҳои эронӣ задаанд. Дар ин миён, шабака Пресс ТВ беш аз дигар шабакаҳо ва бо тавваҷӯҳ ба бинандагон ва хонандагони зиёди худ мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. 

Иқдоми ахирани Гугл дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз қабл низ шабакаи иҷтимоии Фейсбук сафҳаи Пресс ТВ-иро ки наздик ба чаҳор миллион дунболкунанда дошт, аз дастрас хориҷ кард, ки албата баъд аз чанд рӯз ин сафҳа дар дастраси мухотабон ва дунболкунандагони ин шабакаи англисизабон қарор гирифт. 

Пресс ТВ шабакаи телевизиюнии вобаста ба садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахустин шабакаи хабарии телевизиюнии англисизабон эронӣ аст.