Апрел 01, 2021 16:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ идомаи таҳримҳо алайҳи миллати Эронро як иқдоми зиддибашарӣ хонд
    Ҳасани Рӯҳонӣ идомаи таҳримҳо алайҳи миллати Эронро як иқдоми зиддибашарӣ хонд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон идомаи таҳримҳо алайҳи миллати Эронро як иқдоми зиддибашарӣ хонд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи кумитаҳои тахассусии Ситоди муқобила бо корона идомаи таҳримҳо зидди миллати Эронро як иқдоми зиддибашарӣ хонд ва афзуд: Дастрасӣ ба дору ва ваксина аз табиитарин ҳуқуқе аст, ки ҳамаи кишварҳо аз он бархӯрдоранд, аммо миллати Эрон аз ин ҳаққи табиӣ маҳрум аст ва гирифтани ин ҳақ як зулми бузург ва иқдоме зиддиинсонӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ки таҳримҳо ва ҷанги иқтисодӣ зидди миллати Эрон, ки аз сӯйи давлати қаблии Амрико оғоз ва дар давлати ҷадид низ ҳамчунон идома дорад, гуфт: Бо вуҷуди иддаоҳо дар хусуси адами мамониат аз ирсоли дору ва ваксина ба Эрон, бар асоси иттилооти бадастомада дар масири таҳия ва таъмини ваксинаи хориҷӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ вуҷуд дорад ва ин иқдоми зиддибашарӣ ҷону саломати мардумро нишона гирифтааст.

Рӯҳонӣ ҳамчунин ба талошҳои анҷомшуда ва муваффақиятҳо барои сохти ваксинаи корона дар дохили Эрон ишора ва ибрози умедворӣ кард, ки имсол бо такмили раванди ваксинатсия, корона ба таври комил дар кишвар маҳор шавад.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Дар соли гузашта Вазорати беҳдошт муҷаввизҳои мавриди ниёз барои воридоти ваксина аз хориҷи кишварро аз давлат ва ситоди миллии муқобила бо корона дарёфт кард ва барномарезиҳои лозимро анҷом дод ва қарододҳоеро бо Ков Вакс ва кишварҳои тавлидкунанда баст, вале муттаассифона мавонеи ношӣ аз таҳримҳои золимона муҷиби анҷом нашудани тааҳҳудоти онҳо шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп