Октябр 22, 2016 11:54 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти ҳунармандони синамои Эрон дар Тоҷикистон

Бо ташаббуси сафорати Эрон дар Тоҷикистон маросими бузургдошти се нафар аз собиқадорони синамои Эрон дар Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар ин маросим, ки бо ҳамкории Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар толори "Зебуннисо"-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз Каюмарси Пураҳмад, Абулҳасани Довудӣ ва Ризои Каёниён, се собиқадори синамои Эрон қадрдонӣ шуд. Каюмарси Пураҳмад ва Абулҳасани Довудӣ аз нависандагону коргардонони соҳибсабки синамои Эрон ва Ризои Каёниён ҳунарманди номдори ин кишвар аст.

Дар маросими бузургдошти пешкисватони ҳунари синамои Эрон ҷамъи зиёде аз эрониёни муқими Тоҷикистон ва алоқамандони синамо ҳузур доштанд. Ҳунармандону синмогарони эронӣ барои ширкат дар ҳафтумин даври Ҷашнвораи "Дидор" ба Тоҷикистон сафар кардаанд.