Хатибзода: Сиёсати қатъии Эрон, лағви ҳамаи таҳримҳост
(last modified Sat, 03 Apr 2021 10:58:30 GMT )
Апрел 03, 2021 15:58 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Лағви таҳримот бояд аз ҷониби Эрон тасдиқ карда шавад
    Хатибзода: Лағви таҳримот бояд аз ҷониби Эрон тасдиқ карда шавад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон шарти таваққуфи иқдомоти ҷубронии Эронро рафъи комили таҳримҳои Амрико ва ростиозмоии он эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; «Саид Хатибзода » сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар вокуниш ба изҳороти муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи лағви гом ба гоми таҳримҳои Эрон гуфт : Ҳамонтур, ки борҳо ба равшанӣ гуфта шудааст ҳеч тарҳи гом ба гоме матраҳ несту сиёсати қатъии Ҷумҳурии Исломии Эрон бардошта шудани ҳамаи таҳримҳои Амрикост. 

Хатибзода илова кард: Ин рафъи таҳримҳо бояд муассир бошад ва мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Таваққуфи иқдомоти ҷубронии Эрон ва бозгардондани онҳо танҳо дар пай бардошта шудани ҳамаи таҳримҳоу ростиозмоӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Бештар бихонед: