Октябр 22, 2016 17:11 Asia/Dushanbe
  • Тағйири мавҷи Радио тоҷикӣ

Фриконсҳои дарёфти амвоҷи фиристандаҳои Радио тоҷикии Садои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши субҳгоҳӣ ба зудди тағйир мекунад.

Бар асоси тағйироти сурат гирифта, шунавандагони "Радио тоҷикӣ" аз 29 октябр барномаҳои субҳгоҳии ин радиоро аз тариқи мавҷи кӯтоҳи радифи 49 метр, баробар бо 5950 килоҳертс ва мавҷи кӯтоҳ, радифи 41 метр, баробар бо 7360 килоҳертс дарёфт хоҳанд кард .

 Ҳамчунин шунавандгони "Радио тоҷикӣ" дар Афғонистон метавонанд барномаҳои субҳгоҳии ин радиоро аз тариқи мавҷи мутавассити радифи 720 килоҳертс бишнаванд .

Барномаҳои шабонгоҳии Радио тоҷикӣ низ ҳамчун гузашта аз мавҷи мутавассити радифи 720 килоҳертс қобили дарёфт аст.