Эрон: Қабл аз лағви комили таҳримҳо иқдомоти ҳастаиро мутаваққиф намекунем
(last modified Fri, 09 Apr 2021 12:17:17 GMT )
Апрел 09, 2021 17:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Қабл аз лағви комили таҳримҳо иқдомоти ҳастаиро мутаваққиф намекунем

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки то вақте Амрико тамоми таҳримҳои худашро лағв накарда ва ба БарҶом барнагшта бошад, ҳеч як аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ба вижа дар ҳавзаи ғанисозӣ на мутаваққиф мешавад ва на ҳатто раванди коҳишӣ пайдо мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Аббоси Ироқчӣ бо баёни ин ки ғанисозии 20 дарсад бо суръат дар ҳоли пешравӣ аст, афзуд: Ин раванд идома пайдо хоҳад кард то замоне ки тавофуқе ба даст биёяд ва бар асоси он Амрико тамоми таҳримҳоро бардорад ва ҳамон тавр, ки борҳо зикр шудааст, дар як марҳала ҳамаи таҳримҳо бояд бардошта шавад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба ин ки гуфтугӯи Эрон бо аврупоиҳо, Русия ва Чин идома дорад, гуфт: Тими музокиракунандаи эронӣ бо маҷмӯаи кишварҳои узви феълии БарҶом, яъне се кишвари аврупоӣ, Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупо, ки ҳамоҳангкунандаи БарҶом аст, музокира мекунад ва онҳо ҳам аз самти дигар бо амрикоиҳо ба шевае, ки худашон медонанд, гуфтугӯи натоиҷро мунтақил мекунанд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон изофа кард: Нишонаҳое бурӯз кардааст, ки амрикоиҳо дар ҳоли баррасии мавозеи худашон ва ҳаракат ба самти бардоштани таҳримҳои комил ҳастанд.

Вашингтон дар майи 2018 дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ба сурати якҷониба ва ғайриқонунӣ аз БарҶом хориҷ шуд ва аз он пас илова бар бозгардонидани таҳримҳои ҳастаӣ, таҳримҳои густардаеро низ алайҳи Теҳрон ҷорӣ кард, аммо Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико ба бозгардонидани Иёлоти Муттаҳида ба ин тавофуқ ибрози тамоюл кардааст.

 

Бештар бихонед: