Апрел 09, 2021 17:55 Asia/Dushanbe
  • Киштии Кореяи Ҷанубӣ ба далели нақзи протоколҳои беҳдоштӣ тавқиф шуда буд
    Киштии Кореяи Ҷанубӣ ба далели нақзи протоколҳои беҳдоштӣ тавқиф шуда буд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз озодии киштии Кореяи Ҷанубӣ хабар дод ва гуфт: Дар пайи такмили таҳқиқот дар мавриди тахаллуфи киштии кореяӣ ва бино ба дархости молик ва давлати Кореяи Ҷанубӣ дастури озодии киштӣ аз сӯи мақоми қазоӣ содир шуд.

Ба гузориши ИРНА, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Сӯисобиқа надоштани нохудо ва киштӣ дар заминаи тахаллуф дар минтақа, муҷиби нигоҳи мусбати додситони парванда шуд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре бо савоҳили тӯлонӣ дар халиҷи Форс ва дарёи Уммон, бар риояти комили муқаррароти дарёӣ, аз ҷумла муқаррароти нозир бар ҳифзи муҳити зист таъкид дорад ва ҳар гуна тахаллуф дар ин заминаро расад ва пайгирӣ мекунад.

Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ душанбеи чаҳоруми январ як фарванд киштии Кореяи Ҷанубӣ бо номи тиҷории "Ҳанкук Чеми" (HANKUK CHEMI” ҳомили 7 ҳазору 200 тон маводи шимиёии нафтиро ба далели нақзи протоколҳои зистмуҳитӣ дар халиҷи Форс тавқиф кард.

Ин киштӣ имрӯз (ҷумъа) озод шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп