Октябр 22, 2016 18:11 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмилалии пул нархи таварруми Эронро 7.4 дарсад пешбинӣ кард

Сандуқи байналмилалии пул ( IMF ) нархи таварруми Эронро барои солҳои 2016 - 2017 ба тартиби 7.4 ва 7.2 дарсад пешбинӣ кард.

Сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин гузориш, чашмандози иқтисодии минтақаи Ховари Миёна, Шимоли Африқо, Афғонистон ва Покистон ( MENAP ) нархи таварруми соири кишварҳои содиркунандаи нафти минтақаи Ховари Миёнаро дар солҳои 2016 - 2017 ба тартиби 4.7 ва 4.2 дарсад ва нархи таварруми кулли минтақа дар солҳои гуфта шударо ба тартиби 9.9 ва 12.3 дарсад баровард кардааст .

Сандуқи байналмилалии пул нархи рушди иқтисодии солҳои 2016 – 2017 Эронро ба тартиби 4.5 ва 4.1 дарсади пешбинӣ кард .

Бар асоси гузориш, тарози ҳисоби ҷории Эрон дар солҳои 2016 - 2017 ба тартиби 4.2 ва 3.3 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ хоҳад буд, дар ҳоле, ки миёнгини ин тароз барои соири кишварҳои содиркунандаи нафти минтақа,  ба тартиби манфии 4.4 ва манфии 1.8 дарсад ва барои кулли минтақа ба тартиби манфии 6.7 ва манфии 6.3 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ пешбинӣ шудааст .

Дар гузориши Сандуқи байналмилалии пул унвон шудааст, рушди иқтисодии ками ин минтақа ба фароянди беҳбуди стандарти зиндагӣ дар ин минтақа, садама мезанад .