Суръати рушди ваксинаи дохилӣ дар Эрон барои муқобила бо вируси корона
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз суръати рушд дар раванди сохти ваксинаи дохилӣ дар Эрон барои муқобила бо вируси корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон "Саид Намакӣ "гуфт: кори ваксинаи сохти дохилӣ ба суръат дунбол мешавад.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо ишора ба ин ки ваксинаи сохти дохилӣ дар дурахшонтарин шароит қарор дорад илова кард: Дар ояндаи наздик фақат кишварҳое ваксина тазриқ хоҳанд кард, ки дорои зерсохт бошанд.
Ба гуфтаи Намакӣ: Ҳудуди 500 ҳазор доза ваксинаи корона дар Эрон тазриқ шудааст ва то поёни ҳафтаи оянда ин рақам ба як миллиону 300 ҳазор доза хоҳади расид.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, музокирот ва мукотибот дар иртибот бо ваксинаи корона аз соли гузашта ( 2020 ) бо Вазорати беҳдошти Русия оғоз шуд ва чанд моҳ тӯл кашид то ба қарордод табдил шавад.
Намакӣ, дар идома ба талошҳои кодри дармон ишора кард ва ниҷобату ӣстодагии ононро қобили тақдир донист.
Дар канори воридоти дору, мутахассисону донишмандони Эрон иқдом ба сохту тавлиди чанд ваксина кардаанд ,ки ин мавзӯ мӯҷиби таҳсини маҳофили илмии ҷаҳон шудааст.
Бештар бихонед: