Воизӣ: Оғози ғанисозии 60 дарсадии уран нишонаи пешрафт ва тавонмандии Эрон аст
(last modified Fri, 16 Apr 2021 13:03:30 GMT )
Апрел 16, 2021 18:03 Asia/Dushanbe
  • Воизӣ: Оғози ғанисозии 60 дарсадии уран нишонаи пешрафт ва тавонмандии Эрон аст
    Воизӣ: Оғози ғанисозии 60 дарсадии уран нишонаи пешрафт ва тавонмандии Эрон аст

Раҳбари дафтари Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон оғози ғанисозии 60 дарсадии уранро бо ҳадафҳои сулҳомез нишонаи равшани пешрафт ва тавонмандиҳои Эрон номид.

 Ба гузориши ИРНА, раҳбари дафтари Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Воизӣ рӯзи ҷумъа дар Твиттӣ навишт: Оғози ғанисозии 60 дарсадии  уран барои масорифи сулҳомез, нишонаи равшанӣ аз пешрафту тавонмандиҳои Эрон ва паёми сареҳе ба бадхоҳони ин марзу бум аст ки бидонанд, фанноварии ҳастаии сулҳомез дар Эрон бумӣ шуда ва ин, яъне ҳаракати кишвар бо террори донишмандони ҳастаӣ ва харобкоре дар марокизи ҳастаӣ мутаваққиф намешавад. 

Бомдоди якшанбеи гузашта дар пайи иқдоми харобкорона,  барқи бахшӣ аз таъсисоти ғанисозии  Натанз қатъ шуд. 

Ба дунболи он, расонаҳои режими саҳюнистӣ ин иқдоми харобкоронаро ба Исроил нисбат дода ва гузориш доданд, ихлол дар шабакаи тавзиъи барқи таъсисоти ғанисозии Натанз аз тариқи як ҳамлаи сойберӣ анҷом шудааст. 

Фароянди ғанисозии 60 дарсадӣ дар таъсисоти ҳастаии Натанз , ба ҳиммати мутахассисону донишмандони Эрон билофосила пас аз иқдоми мазбуҳонаи режими саҳюнистӣ оғоз шуд. 
  
  
  
  Бештар бихонед :