Октябр 23, 2016 19:28 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкари шуҳадои эронии ҳодисаи террористии Киркук ба Эрон

Пайкари чаҳор тан аз шуҳадои ҳодисаи террористии субҳи ҷумъаи шаҳри Киркук дар Ироқ, шанбешаб вориди Эрон шуд.

Фармондори Қасри Ширин (ғарби Эрон) бо маҳкум кардани ҳодисаи террористии рӯзи ҷумъа дар нерӯгоҳи барқии Киркуки Ироқ, ки мунҷар ба шаҳодати чаҳор тан ва маҷрӯҳ шудани чаҳор тани дигар аз муҳандисони Эрон шуд, гуфт: "Пайкари чаҳор шаҳиди ин ҳодисаи террористӣ пас аз баргузори ойини бошукӯҳ аз марзи расмии Парвизхон ба Кирмоншоҳ мунтақил мешавад то пас аз анҷоми ташрифоти қонунӣ барои хоксупорӣ таҳвили хонаводаҳояшон шавад.

Гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи ҷумъа ба нерӯгоҳи Дабси Киркук, дар шимоли Ироқ юриш бурданд, ки шуморе ғайринизомӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд, ки дар миёни шуҳадо ва маҷрӯҳони ин ҳодиса чаҳор шаҳид ва чаҳор маҷрӯҳ эронӣ ҳастанд.