Апрел 19, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба шоеаи оғози гуфтугӯҳо бо Арабистон
    Вокуниши Эрон ба шоеаи оғози гуфтугӯҳо бо Арабистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба хабарҳо дар бораи гуфтугӯҳо бо Арабистон дар Ироқ вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Саъд Хатибзода рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, дар посух ба саволе дар бораи гуфтугӯи Эрон ва Арабистон дар Бағдод изҳор дошт: "Мо ҳам ин гузоришҳои расонаӣ ва матбуотии мунташир шударо дидем. Нақл қавлҳои мутазоде нашр шудааст. Эрон ҳамвора аз гуфтугӯ бо подшоҳи саъкдӣ истиқбол кпрдп ва онро ба нафъи мардуми ду кишвар ва сулҳу суботи минтақавӣ медонем. "

 

Хатибзода дар посух ба саволе дар бораи нишастҳои Вена дар бораи тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт: " Дар масири дурусте ҳастем ва пешрафтҳое ҳосил шудааст, вале ин гуна нест, ки ба марҳилаи ниҳоӣ расиджа бошем. Ҳоло дар марҳилае ҳастем. ки бояд гуфтугӯҳо дар бораи мавзуоти сахте сурат бигирад. Шитобе надорем. ба он чӣ муҳим аст ин аст, ки дар чорчӯби фармоиши Раҳбари муаззами Инқилоб ва манофеи мардум ҳаракат кунем."

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи музокироти Вена ҳамчунин гуфт, ки Эрон дар ин музокирот ҳеч гуфтугӯи мустақим ё ғайримустақиме бо Амрико надорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп