Апрел 24, 2021 13:10 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Кохи Сафед гуфт, Амрико назари худро барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба далели мухолифати Исроил иваз намекунад
    Сухангуи Кохи Сафед гуфт, Амрико назари худро барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба далели мухолифати Исроил иваз намекунад

Сухангуи Кохи Сафед гуфт, мухолифати Исроил назари Вашингтонро барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тағйир намедиҳад.

Ян Саки, сухангуи Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии худ дар посух ба ин савол, ки оё Кохи Сафед назари худро дар бораи бозгашт ба БАРҶОМ тағйир хоҳад дод ё на, гуфт: “на, дар ҳоли ҳозир музокирот - албатта ба шакли ғайримустақим - ҷарён дорад ва як зарфияти дипломатӣ ба самти тавофуқи ҳастаӣ эҷод шудааст”.

Сухангуи Кохи Сафед идома дод: “Медонем, ки чолиш вуҷуд дорад ва мо дар ҳоли ташвиқи ҳамаи тарафҳо барои идома ёфтани музокира ҳастем”.  

Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ ҳафтаи гузашта ду бор бо ҳадафи баҳс дар бораи мутаваққиф кардани бозгашти Амрико ба БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ ) ташкили ҷаласа дод ва қарор аст, ҳафтаи оянда мақомоти Исроил ба Вашингтон бираванд, то бори дигар бар мухолифати худ бо бозгашти Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон таъкид кунанд.

Амрико дар соли 2018 дар давраи раёсатҷумҳури Доналд Трамп якҷониба аз БАРҶОМ хориҷ шуд, аммо Ҷо Байден, ҷонишини ӯ ба бозгардондани Амрико ба ин тавофуқ ибрози тамоюл кардааст.

Музокироти ҳастаӣ барои эҳёи БАРҶОМ ин рӯзҳо дар Венаи Австрия байни Эрон ва 1+4 дунбол мешавад.