Апрел 25, 2021 19:47 Asia/Dushanbe
  • Амир Сайёрӣ: Ҷиҳоди худкафоӣ риштаҳои вобастагӣ ба хориҷро қатъ кард
    Амир Сайёрӣ: Ҷиҳоди худкафоӣ риштаҳои вобастагӣ ба хориҷро қатъ кард

Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ҷиҳоди худкафоӣ риштаҳои вобастагӣ ба хориҷ аз кишварро қатъ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, адмирал ҳабибуллоҳ Сайёрӣ муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Артиши тавонманд ва худиттако ва худкафо он аст ки битавонад нерӯи  инсонӣ ва таҷҳизоти худро дар дохили кишвари худаш таъмин кунад ва риштаҳои вобастагӣ ба берунро қатъ кунад. 

Амири Сайёрӣ афзуд: Нерӯии заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷанг аз нерӯи  инсонӣ ва таҷҳизоти худ ба хубӣ баҳраи бурд ва бо баҳрабардорӣ аз ин барҷастагиҳо тавонист маҳдудиятҳое, ки барояш  пеш омада буд аз байни бибарад. 

Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин гуфт: Истифода аз зарфиятҳои дохили кишвар,  ширкатҳои донишбунён ва тавонмандиҳои дохилӣ заминасози таҳаққуқи пирӯзиҳост. 

Амир  Сайёрӣ таъкид кард ҳар душмане агар бихоҳад иқдоме алайҳи Эрон анҷом диҳад бо вокуниши Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон  мувоҷеҳ хоҳад шуд.

 Бештар бихонед:

Барчасп