Рӯнамоӣ аз китоби "Зариф ва парвандаҳои бузург'' дар Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i66082-Рӯнамоӣ_аз_китоби_Зариф_ва_парвандаҳои_бузург''_дар_Ироқ
Бо ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон аз китоби «Зариф ва Ал Милафот ал Кубро» (Зариф ва парвандаҳои бузург) дар Ироқ рӯнамоӣ шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 27, 2021 21:39 Asia/Dushanbe
  • Дар ин китоб 3 парвандаи ҳастаӣ, масоили Эрону Амрико ва дипломатияи чандҷониба аз дидгоҳи Зариф баррасӣ шудааст
    Дар ин китоб 3 парвандаи ҳастаӣ, масоили Эрону Амрико ва дипломатияи чандҷониба аз дидгоҳи Зариф баррасӣ шудааст

Бо ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон аз китоби «Зариф ва Ал Милафот ал Кубро» (Зариф ва парвандаҳои бузург) дар Ироқ рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар Бағдод ва дар ҳошияи дидор ва гуфтугӯ бо мақомоту шахсиятҳои ироқӣ аз китоби «Зариф ва Ал Милафот ал Кубро» (Зарифу парвандаҳои бузург), ки дар муассисаи ироқии Равоқ ва ба забони арабӣ интишор ёфтааст, рӯнамоӣ кард.

Дар ин китоб 3 парвандаи ҳастаӣ, масоили Эрону Амрико ва дипломатияи чандҷониба аз дидгоҳи вазири умури хориҷаи Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар идомаи сафари минтақаии худ рӯзи душанбе аз Давҳаи Қатар вориди Бағдод, пойтахт Ироқ шуд.

Зариф рӯзи сешанбе аз Бағдод ба Арбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ рафт ва пас аз он Ироқро ба мақсади Умон тарк хоҳад кард.

Бештар бихонед: