Апрел 29, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ҷалолӣ гуфт:вақте ки мо ваксинасияи миллати худамонро ба итмом расонадем, бидуни тардид мо ҳозир ба кумак кардан ба дигарон хоҳем буд .
    Ҷалолӣ гуфт:вақте ки мо ваксинасияи миллати худамонро ба итмом расонадем, бидуни тардид мо ҳозир ба кумак кардан ба дигарон хоҳем буд .

Сафири Эрон дар Рӯсия гуфт : Эрон бо оғози тавлиди ваксинаи русии корона ба конуни ваксинаи минтақа табдил мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Маскав афзуд : Эрон тавлиди ваксинаи таҳти нишони « Спутник V»-ро дар ояндаи наздик дар дохил шурӯъ мекунад ва баъд аз итмоми ваксинасияи мардум, содирот ба кишварҳои ҳамсояро оғоз хоҳад кард .

  Ҷалолӣ гуфт : Вақте ки ваксини Спутник V  таҳти нишони Русия дар Эрон тавлид шуд, Маскав ва Теҳрон бо якдигар тасмим хоҳанд гирифт, ки ин ваксинаро ба куҷо бифиристанд, аммо як чиз эҳтимолан равшан аст, вақте ки мо ваксинасияи миллати худамонро ба итмом расонадем, бидуни тардид мо ҳозир ба кумак кардан ба дигарон хоҳем буд .

  Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин дар хусӯси музокироти Эрон бо 4+1 дар Вена низ гуфт : Гоми аввал дар эҳёи тавофуқномаро бояд амрикоиҳо бардоранд .

  Ҷалолӣ тасреҳ кард : Амрико бояд ҳамаи таҳримҳоро лағв кунад ва Эрон низ пас аз ростиозмоӣ  ҳамаи таъаҳҳудоти худро аз сар мегирад .

   Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба инки ҳузури қудратҳои фароминтақаии хориҷӣ бидуни тардид ба минтақа осеб мезанад, гуфт : Эрон омодагӣ дорад дар ин хусӯс ҳамкориҳои худро бо кишварҳои ҳамсоя густариш диҳад .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп