Апрел 29, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
  • Идомаи муваффақиятомези фаъолияти моҳвораи эронии

Фармондеҳии фазойии нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз идомаи муваффақиятомези фаъолияти моҳвораи эронии " Нур " дар фазо хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  ҳамзамон бо аввалин солгарди партоби " моҳвораи Нур " фармондеҳии фазойии нерӯи ҳавофазои  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз фаъол будани ин моҳвора пас аз гузашти як сол аз партоби он хабар дод .

 Нахустин моҳвораи чандманзураи Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо номи « Нур »-ро сеюми урдубиҳишти соли 1399 Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз кавири марказии Эрон партоб кард ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт .

Амалишавии ин амри муҳим ки дар зумраи фанноварӣҳои бартари ҷаҳонӣ қарор дорад он ҳам дар шароити таҳримҳои сахту золимонаи душманон бо такя бар дониши бумӣ ва тавонмандии дохилӣ дар сохту омодасозӣ тамоми аҷзои фанновариҳои ба пиндори соҳибназарону коршиносони ин ҳавза  дастоварди бузургу таҳаввули навин дар арсаи фазойии Эрони исломиро рақам зад .

Фармондеҳии фазойии нерӯи ҳавофазои  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз фаъол будани моҳвораи Нур пас аз гузашти як сол аз партоби он хабар дод ва эълом кард : додаҳои ҷамъоваришудаи ин моҳвораи чандманзура ба сурати рӯзона дар истгоҳҳои заминӣ дарёфт мешавад .

  Моҳвораи Нур, ки онро моҳворабари Қосид ба фазо партоб карда 6 ҳазор бор ба даври кураи Замин чархеда ва баландии мадории он 410 километр аст .

  Аввалин солгарди шурӯъ ба кор ва оғози маъмурияти моҳвораи Нур фардо ҷумъа даҳуми урдубиҳиштмоҳ аст; ба ҳамин муносибат " сигнали Бекон "-и моҳвораи Нур дар рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа равшан шуда ва дар саросари Замин қобили дарёфт хоҳад буд .

  Пешбинӣ мешавад умри мадории ин моҳвора ки абъоди ҷадидӣ аз тавонмандӣ ва қудрати дифоии Эронро иртиқо бахшид, як соли дигар ҳам идома дошта бошад .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп