Оини мазҳабии саҳюнистҳои ифротӣ ба қатлгоҳи онон табдил шуд +филм
(last modified Fri, 30 Apr 2021 17:00:40 GMT )
Апрел 30, 2021 22:00 Asia/Dushanbe

Издиҳоми ҷамъият ва фурурехтани ҷойгоҳи баргузории маросими мазҳабии саҳюнистҳои ифротӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ, ин маконро ба қатлгоҳи ширкаткунандагон дар ин оин табдил кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз баргузарии садо ва симо; дар ин ҳодиса ки дастикам  50 кушта барҷой гузошт, беш аз 150 нафар низ захмӣ шуданд, ки ҳоли шуморе аз онҳо вазнин эълом шудааст.

Режими саҳюнистӣ ин ҳодисаро фоҷеъабор тавсиф кардааст. 

Ин ҳодиса  замоне рӯй дод, ки панҷшанбешаб  ҳазорон нафар аз саҳюнистҳои ифротӣ ,ки барои анҷоми маросими мазҳабии худ дар кӯҳи "Мирун" таҷаммӯъ карда буданд бо резиши ногаҳонии пул мувоҷеҳ шуданд.

Сарчашмаҳои маҳаллӣ дар ибтидо аз фурӯ рехтани платформаи тамошобинон хабар доданд, аммо масъулони саҳюнист ин ҳодисаро ба "издиҳоми беш аз ҳадди ҷамъият" унвон карданд.

Бенямин Натаняҳу барои ин ҳодиса як рӯзи мотам эълон кард.