Мавзеи Эрон дар музокироти Вена; рафъи комили таҳримҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i66420-Мавзеи_Эрон_дар_музокироти_Вена_рафъи_комили_таҳримҳо
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон мавзеи қотеъи Эрон дар музокира бо 4 +1-ро рафъи комили таҳримҳои Амрико зидди Эрон донист .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 03, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон
    Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон мавзеи қотеъи Эрон дар музокира бо 4 +1-ро рафъи комили таҳримҳои Амрико зидди Эрон донист .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳо гуфт : « Сиёсати Эрон бозгашти ҳамаҷонибаи Амрико ба зайли таъаҳҳудот дар қатъномаи 2231 бо диққат ва калима ба калима аст . Мо на шитоб дорем ва на вориди бозии фарсойишӣ мешавем . »

  Хатибзода афзуд : « Ончӣ муҳим аст ин аст, ки бозгашти Амрико ба тавофуқи ҳастаӣ бояд якҷо, қатъӣ ва қобили ростизмоӣ бошад . »

Сухангӯи  Вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо радди хабари табодули зиндониён миёни Эрону Амрико низ гуфт : « Ҷудо аз гуфтугуҳо ва масоиле, ки дар Барҷом дунбол мешавад мавзӯи зиндониҳо ҳамвора дар дастури кори Эрон будааст ва ин гузоришҳои мунташиршуда ба нақл аз манобеи огоҳ таъйид намешавад . »

  Бархе расонаҳо рӯзи якшанбе аз тавофуқи Эрону Амрико барои озодии мутақобили ҳашт зиндонӣ хабар дода буданд .

 

  Бештар бихонед :