Радиои тоҷикӣ шаҳодати Имом Алӣ (а)-ро тасаллият мегӯяд
Имшаб 21 -уми моҳи Рамазон шаби шаҳодати Мавлои адл ва озодагӣ, Шери Худо ва Расулаш ва намунаи олии шараф ва мардонагӣ Амир ал-Мӯъмиин Имом Алӣ (а) мебошад.
Бузургмарде, ки барои омаданаш хонаи Худо аз ҳам шикофта шуду дар рафтани ғарибонааш меҳроби хонаи Ҳақ ба хун нишаст то унвони баланди нахустин шаҳиди меҳроб ба номи шарифи ӯ сабт шавад.
Ҳазрат Имом Алӣ Бин Абитолиб ( а) дар саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи Рамазон дар саҷдаи намози субҳ бар асари зарбати ноҷавонмардонаи шамшери ҷоҳили гумроҳӣ аз хавориҷ - Ибни Мулҷам Муродӣ - ба шиддат маҷрӯҳ шуд ва ду рӯзи баъд бар асари ин ҷароҳати амиқ дар шаби бисту якуми моҳи Рамазон ҳамзамон бо дувумин шаб аз шабҳои Қадр ба дидори Парвардгор шитофт ва ба саодату растгории абадӣ, ки умре дар интизори он буд даст ёфт.
Эшон дар шаби шаҳодати хеш дар бораи қотили худ ба фарзандаш Имом Ҳасан алайҳиссалом супориш кард ва фармуд: Фарзандами! Бо асири худ мудоро кун ва бо меҳрбонӣ ва раҳмат бо ӯ рафтор кун, зеро мо аҳли байти раҳмат ва мағфиратем, пас бихӯрон ба ӯ аз он чӣ худ мехӯрӣ ва биошом ӯро аз он чӣ худ меошомӣ ва агар ман аз дунё рафтам аз ӯ қасос кун, аммо ҷасади ӯро ба оташ насӯзон ва дасту по ва сойири аъзоӣ ӯро қатъ макун.
Дар шаби шаҳодати Мавлои родмардону озодагони ҷаҳон Имоми Алӣ (а ) саросари олами ислом сиёҳпӯш ва сӯгвор асту ошиқони он имоми бузургвор дар ҳамаи ҷои ҷаҳон ба вижа дар Ҳарами нӯронии эшон дар шаҳри Наҷафи ашраф дар сӯги он пешвоии адолат вамеҳрбонӣ ва шуҷоат марсия мехонанд ва азодорӣ мекунанд.
Дар Эрони исломӣ шаби шаҳодати Мавлои муваҳҳидон Имом Алӣ ( а ) ҳамзамон бо ойинҳои вижаи шаби Қадр гиромӣ дошта мешавад ва иродатмандони он ҳазрат афзуни бар ба ҷой овардани аъмоли шабҳои Қадр дар шаҳодати мазлумонаи имоми хеш низ сӯгворӣ мекунанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати Имоми Алӣ ( а)-ро ба ҳамаи мӯъминон ва муштоқони он ҳазрат тассаллият мегӯяд.