Май 04, 2021 15:52 Asia/Dushanbe
  • Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои мутқиён -ҳазрати Алӣ (а)

Эрони исломӣ дар азои шаҳодати мавлои мутқиён- ҳазрати Алӣ (а), саросар дар ҳузну андӯҳ аст .

Имрӯз сешанбе 21 Рамазони соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 4 майи 2021, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) аст.

Мардуми муъмин ва худоҷӯи саросари Эрони исломӣ имрӯз бо ҳузур дар ойинҳои мухталифи азодорӣ, дар сӯги шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) ашки мотам рехтанд. 

Ошиқони хонадони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар солрӯзи шаҳодати имом Алӣ (а) дар саросари Эрон бо барафрошта кардани парчамҳои азо ва сиёҳпӯш кардани хиёбонҳо, сари дари хонаҳо ва мағозаҳо, ҳусайнияҳо ва масоҷид ба остони хонадони мутаҳҳари рисолат арзи адаб ва иродат кардаанд. 

Душанбе шаб низ дар шаби шаҳодати ҳазрати алӣ (а), мардуми Эрони исломӣ дар сӯги мавлои мутақиён ашки мотам рехтанд .

Саҳаргоҳи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазони соли чиҳилуми ҳиҷрии қамарӣ, Ибни Мулҷами Муродӣ аз гурӯҳи хавориҷ, дар ҳоле, ки ҳазрати Имом Алӣ (а), пешвои мусалмонони ҷаҳон дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро бар фарқи мубораки эшон фуруд овард..

Ҳазрати Имом Алӣ (а) пас аз зарбат хӯрдан, дар хона бистарӣ ва ду рӯз баъд, яъне дар бистуякуми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд. 

 

Барчасп