Истиқболи Эрон аз густариши муносибот бо кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кувейт таъкид кард, Эрон аз густариши муносибот бо кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс истиқбол мекунад.
Муҳаммади Эронӣ, сафири Эрон дар Кувейт, рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бо ишора ба сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба Қатар, Ироқ, Уммон ва Кувейт ҳамзамон бо музокироти ҳастаӣ, гуфт, сафари Зариф ба минтақа ҳокӣ аз тавваҷуҳи дастгоҳи сиёсати хориҷии кишвар ба мавзӯоти минтақаӣ аст.
Вай афзуд, сафари Зариф дар замони муносибе анҷом шуд ва дастовардҳои хубе барои дипломатияи кишвар ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Сафири Эрон дар Кувейт, минтақаи Халиҷи Форсро дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои аҳаммияти зиёд тавсиф кард.
Муҳаммади Эронӣ пешниҳодҳои мустамари Эрон дар тӯли солҳои гузашта барои коҳиши таниш дар Халиҷи Форсро ёдовар шуд ва гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи музокира ва равишҳои мусолиматомез истиқбол карда буд.
Бештар бихонед :