Судури визаи фурӯдгоҳӣ барои эрониён дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i6649-Судури_визаи_фурӯдгоҳӣ_барои_эрониён_дар_Тоҷикистон_мутаваққиф_шуд
Бар асоси дастури Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, додани визаи фурӯдгоҳӣ ба шаҳрвандони эронӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе батаври муваққат мутаваққиф шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 24, 2016 14:14 Asia/Dushanbe
  • Судури визаи фурӯдгоҳӣ барои эрониён дар Тоҷикистон мутаваққиф шуд

Бар асоси дастури Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, додани визаи фурӯдгоҳӣ ба шаҳрвандони эронӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе батаври муваққат мутаваққиф шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Вафо Ниятбеков, сухангуи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иллати ин тасмимро иҷрои тарҳи визаи электронӣ донист ва гуфт: Бо иҷрои ин тарҳ эрониҳо метавонанд бидуни муроҷиа ба консулгариҳои Тоҷикистон аз тариқи интернет визаи гардишгарӣ дарёфт кунанд .

Ниятбеков таъкид кард, ки лағв кардани визаи фурӯдгоҳӣ барои шаҳрвандони Эрон ба ҳеч ваҷҳ эҷоди маҳдудият барои вуруди онҳо ба Тоҷикистон нахоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол ширкати ҳавоии "Осмон"-и Эрон ба ожонсҳои фурӯши билети ин ширкат дастур додааст, ки танҳо дар сурати доштани визаи Тоҷикистон ба мусофирон билет фурӯхта шавад .

Рустам Қурбонов, корманди ожонси ҳавопаймоии "Осмон" дар шаҳри Душанбе дар ин замина гуфт: Тибқи дастур аз ин пас ба шаҳрвандони эронӣ ва тоҷик бидуни виза, билет фурӯхта нахоҳад шуд .

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин мусофирон метавонистанд дар фурӯдгоҳ визаи худро таҳия кунанд .

Ба гуфтаи Қурбонов, дар парвози рӯзи панҷшанбеи гузаштаи ширкати ҳавоии "Осмон" дар масири Эрон ба Тоҷикистон, билети ҳавопаймоии 40 мусофири ин ширкат бадалели надоштани визаи Тоҷикистон лағв шуд .

Аз якуми июни имсол дар Тоҷикистон протоколи ҷадиде барои судури визаи электронӣ фаъол шудааст, ки имкони дарёфт визаи Тоҷикистонро барои шаҳрвандони хориҷӣ фароҳам мекунад .

Визаи электронӣ ба шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон, ки бо Тоҷикистон низоми раводид доранд, бо пардохтани 50 доллар дар муддати 45 рӯз дода мешавад.