Баргузории ҳамоиши бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ дар Сабзавор
(last modified Mon, 24 Oct 2016 12:29:39 GMT )
Октябр 24, 2016 17:29 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ дар Сабзавор

Шашумин ҳамоиши бузургдошти падари насри форсӣ- Абулфазли Байҳақӣ, рӯзи душанбе бо ҳузури ҷамъе аз масъулони фарҳангӣ ва пажӯҳишгарон дар шаҳри Сабзавори Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши  ИРНА, Ҷаводи Ҳадодниё-раиси Донишгоҳи Ҳаким Сабзаворӣ, гуфт, ҳамоиши бузургдошти Абулфазли Байҳақӣ бо ҳадафи таъкид бар аҳамияти ҷойгоҳи забон ва адаби форсӣ ва арҷ ниҳодан ба ҷойгоҳи Байҳақӣ дар арсаи насри форсӣ барпо шуд. Вай афзуд, баррасии пайвандҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ-торихии Байҳақӣ дар давраи муосир ва ташвиқи пажӯҳишгарон ба самти таҳқиқоти илмӣ дар ҳавзаи адабиёт ва насри Байҳақӣ, аз дигар аҳдофи ин ҳамоиш аст. Ҳадодниё идома дод, Абулфазли Байҳақӣ яке аз машоҳири адабии бузурги Эрон ва эҳёкунандаи насри форсӣ аст, ки бояд ӯро бештар ба ҷомеаи илмии Эрон шиносонд.  Абулфазли Байҳақӣ торихнигори қарни панҷуми ҳиҷрии қамарӣ ва нигорандаи китоби арзишманди торихи Байҳақӣ, муаррихи номдори давраи Ғазнавӣ аст, ки дар соли 385 ҳиҷрии қамарӣ, дар рӯстои Ҳорисобод дар Байҳақи Сабзавор, дар устони Хуросони Разавии Эрони имрӯз, мутаваллид шуд .

Вай, дар дарбори шоҳони Ғазнавӣ ба кори дабирии девон ва дастёри Хоҷа Бунасри Мишкон машғул буд ва дар даврони Иззудвала Абдурашид низ чанде мақоми соҳибдевонӣ ёфт, аммо бо дасисачинии ҳасудон ва бадхоҳон, аз мақоми худ барканор ва зиндонӣ шуд .

Абулфазли Байҳақӣ пас аз раҳоӣ аз зиндон, боқии умрро дар инзиво басар бурд ва дар соли 470 ҳиҷрии қамарӣ дар Ғазнӣ даргузашт.