Май 06, 2021 12:21 Asia/Dushanbe
  • Эрониҳо дар шаби Қадр бо риояти дастурҳои гигиенӣ дар маконҳои мазҳабӣ ва хонаҳо ба розу ниёз бо Худованд пардохтанд
    Эрониҳо дар шаби Қадр бо риояти дастурҳои гигиенӣ дар маконҳои мазҳабӣ ва хонаҳо ба розу ниёз бо Худованд пардохтанд

Оини эҳёи саввумин шаб аз шабҳои парфазилати Қадр бо дар назар гирифтани дастурҳои гигиенӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси корона дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

 Шаби чаҳоршанбе  дар шаби бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон дар ҳарамҳо, имомзодаҳо, масҷидҳо ва дигар  маконҳои мазҳабӣ дар саросари Эрон  маросими шаби 23 моҳи мубораки Рамазон, ки гумон меравад шаби Қадр бошад баргузор шуд. 

Дар ин гирдиҳамоиҳо мардум бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ бо қироати Қуръон, дуо ва ниёиш то ҳангоми саҳар ба муноҷот бо худованд пардохтанд. 

Шаби Қадр шаби нузули Қуръон аст ки дар ҳамаи сол  шабе ба фазилати он намерасад ва дар он тақдири соли инсон муайян карда мешавад.

Бар асоси боварҳои исломӣ шаби Қадр яке аз шабҳои даҳаи поёнии моҳи рамазон аст. 

Ба эътиқоди шиаён шаби Қадр эҳтимолан яке аз се шаби нуздаҳум, бисту якум ва бисту сеюми моҳи мубораки Рамазон аст, ки ин эҳтимол барои шаби 23 рамазон беш аз ду шаби дигар аст. 

Мусулмонони аҳли суннат низ шаби 27 моҳи мубораки Рамазонро шаби Қадр медонанд ва онро ба қироати Қуръон, дуо ва ниёиш мегузаронанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп