Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ;Шуълаҳои Интифоза ва муқовимати Фаластин хомӯш нахоҳад шуд
(last modified Thu, 06 May 2021 15:22:22 GMT )
Май 06, 2021 20:22 Asia/Dushanbe
  • Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ;Шуълаҳои Интифоза ва муқовимати Фаластин хомӯш нахоҳад шуд

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе таъкид кард: Шуълаҳои Интифоза ва муқовимати Фаластин хомӯш нахоҳад шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе " рӯзи ҷаҳонии Қудс "-ро таҷаллии ваҳдати ҷаҳони ислом дар ҳимоят аз Фаластин хонд ва тасреҳ кард : Интифоза ва муқовимати Фаластин хомӯш нахоҳад шуд.

Дар баёнияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст : Беш аз чаҳор даҳа аз иқдоми ҳакимона ва роҳбурдии Раҳбари кабири инқилоби исломӣ ва бунёнгузори фақиди Ҷумҳӯрии исломии Эрони ҳазрати имом Хумайнӣ ( р ) дар номгузории рӯзи ҷаҳонии Қудс ва ироаи докторинаи наҷоти Фаластин мегузарад .

Дар ин баёния омадааст:Миллати Фаластину интифозаи Қудс бо пирӯз омадан бар занҷирае аз фитнаҳову тавтеъаҳои созиш, қудратмандтар аз ҳар мақтаи торихӣ бо такя бар муқовимату пойдории шигифтангези худ режими палиду ҷинояткори саҳюнистиро дар сарошебии нобудӣ қарор додаанд .

Дар баёнияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст:Тарроҳии ҳӯшмандонаи ин явмуаллоҳи бузург  дар воқеъ фурсатсозӣ барои нишон додани ваҳдату иродаи ҳамаи мусалмонон дар ҳалли масаълаи Фаластин ва дафъи ғудаи саратонии режими саҳюнистӣ, он ҳам ба унвони авлавияти нахусти ҷаҳони ислом аст .

Ин баёния бо ишора ба талошҳои шайтонии Амрикову режими саҳюнистӣ барои шикофу тафриқа байни миллатҳои исломӣ тасреҳ кардааст : Тарҳҳои хабосатолӯду ҷиноятомези созиш аз ҷумла "муомилаи қарн" маҳкӯм ба шикаст хоҳад буд . Ин баёния бо такрим ба мақоми шуҳадои интифозаи Фаластин ва гиромидошти ормону нақшофариниҳои сардори олиқадр  шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар тариқи озодии Қудси шариф ва таъкид бар тадовуми роҳи он шаҳиди гаронқадр овардааст : Режими саҳюнистӣ дар сарошебии суқуту завол қарор дорад .

 

Бештар бихонед:

  1. Раҳбари муаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фаластин тамом хоҳад шуд

  2. Даъвати Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба интифозаи Рамазон

 

 

Барчасп