Рӯҳонӣ: Фаластин муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати исломӣ аст
-
Рӯҳонӣ: Фаластин муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати исломӣ аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии эрон, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси ҷумҳурии Туркия таъкид кард, ки Фаластин муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати исломист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси ҷумҳурии Эрон " Ҳасани Рӯҳонӣ " имрӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси ҷумҳурии Туркия "Раҷаб Таййиб Эрдуғон " гуфт: Муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва таваққуфи фаврии ҳамалоти ваҳшиёна ва куштори мардуми мазлум ва бедифои Фаластин як зарурат аст.
Рӯҳонӣ дар идома афзуд: Кишварҳои исломӣ, ба вижа Эрону Туркия ба унвони ду кишвари муҳим ва таъсиргузор дар минтақа бояд бо ҳамкорӣ аз ҳамаи тавони мавҷуд, аз ҷумла зарфияти ниҳодҳои байналмилалӣ монанди Созмони милал ва Созмони ҳамкории исломӣ барои муқобила бо таҷовузот ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ истифода кунанд.
Раиси ҷумҳурии Эрон, ҳамчунин зарурати иштироки мавозеъ ва тақвияти ҳамкориҳои Теҳрон – Анкара барои ҳаллу фасли буҳронҳои минтақавӣ аз ҷумла Сурия ва Яманро мавриди таъкид қарор доду афзуд: Тадовуми ин ҳамкориҳо дар қолаби гуфтугӯҳои раванди Остона метавонад ба тасреъ дар ҳаллу фасли буҳронҳо кумак кунад.
Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард, ки шоҳиди равонтар шудани бештари муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, аз ҷумлаи тасҳили ҳамкориҳои банкӣ ва фаъолияти гузаргоҳҳои марзии ду кишвар бо зарфияти комил бошем.
Раиси ҷумҳурии Эрон бо ишора ба баргузории музокироти Вена, таъкид кард имрӯз ҳамаи дунё ва аз ҷумлаи Амрико ба унвони таҳримкунандаи Эрон ба ин натиҷа расидаанд, ки таҳрим ва фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрдааст.
Раиси ҷумҳурии Туркия, низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ гуфт: Ин рӯзҳо бо ҷиноёт ва ҳамалоти золимонаи Исроил дар Фаластини ишғолӣ мувоҷеҳ ҳастем, ки бисёр нигаронкунанда ва таассуфбор аст.
"Раҷаб Таййиб Эрдуғон " дар идома таъкид кард: Ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар баробари ин ҳамалоти густохона вокуниши қавӣ ва боздоранда аз худ нишон диҳад ва зарурист, ки ҷаҳони ислом дар ин замина аз ҳақу амали муштарак пайравӣ кунад.
Эрдуғон, ҳамчунин бар тақвият ва таъмиқи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории Туркия ва Эрон ба унвони ду кишвари дӯсту ҳамсоя таъкид кард.
Бештар бихонед :