Май 17, 2021 10:18 Asia/Dushanbe
  • Эрон яке аз зилзилахезтарин кишварҳои ҷаҳон аст
    Эрон яке аз зилзилахезтарин кишварҳои ҷаҳон аст

Заминларза ба бузургии 5.5 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин (рихтер) нахустин сооти бомдоди рӯзи душанбе бахшҳое аз устони Хуросони Шимолии Эронро ларзонд.

Бар асоси эъломи Маркази ларзанигории Эрон вобаста ба муассисаи геофизики донишгоҳи Теҳрон, ин заминларза дар соати 3:34 дақиқа ва 35 сонияи бомдоди душанбе дар умқи 16 километрии замин дар бахши Санхости шаҳристони Ҷоҷарм дар устони Хуросони Шимолӣ рӯй додааст.

Пас аз вуқуи заминларзаи 5.5 рихтерӣ, як заминларзаи 5.4 рихтерӣ низ дар соати 5:24 дақиқаи бомдод бахши Санхостро ларзонд.

Ҳар ду замини ларза ба теъдоде аз воҳидҳои маскунии ин минтақа хисорат ворид кардааст.

Бар асоси баровардҳои аввалия, дар рӯстоии Шурак, ки конуни зилзила будааст, 35 дарсади хонаҳо осеб дидаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп