Май 18, 2021 09:35 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳҳои фаластинӣ баёноти раҳбари инқилоб дар Рӯзи Қудси имсолро нақшаи роҳи озодсозии Фаластин  хонданд.
    Гурӯҳҳои фаластинӣ баёноти раҳбари инқилоб дар Рӯзи Қудси имсолро нақшаи роҳи озодсозии Фаластин хонданд.

Теъдоде аз гурӯҳҳои Муқовимати фаластинӣ бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ аз мавозеи Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар Рӯзи Қудси имсол ташаккур карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, панҷ  гурӯҳи муқовимати фаластинӣ дар ин номаҳо зимни ташаккур ва қадрдонии муҷаддад аз мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар ҳимоят аз муқовимати мардуми Фаластин ва ба расмият нашинохтани режими саҳюнистӣ, бар идомаи роҳи муқовимат то озодии Қудси шариф таъкид карданд ва баёноти раҳбари инқилоб дар Рӯзи Қудси имсолро нақшаи роҳи озодсозии Фаластин  хонданд. 

Ҷибҳаи мардумии озодибахши Фаластин ( дафтари фармондеҳии кулл ва дафтари сиёсӣ ), Ҷумбиши фатҳи интифоза, ҷибҳаи муборизаи мардумии Фаластин ва эътилофи нерӯҳои Фаластин дар ин номаҳо зимни таъкид бар нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони меҳвари иттиҳод ва муқовимати байни кишварҳои исломӣ, ном  ва ёди шаҳид Ҳоҷи Қосим Сулаймониро дар зинда нигаҳ доштани ормони Фаластин гиромӣ доштанд. 

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳи Хоминаӣ дар суханронии зиндаи телевизиюнии ҷумъа  17 урдубиҳишт ( 7 май ), ки дар ду бахш  форсӣ ва арабӣ ва ба муносибат  дар Рӯзи Қудс эрод шуд бо ишора ба рушди таносуби қудрати нерӯҳои муқовимат, тағйири мувозинаи қуво дар сарзаминҳои ишғолиро ба нафъи ҷаҳони ислом донистанд. 

Эшон ҳамчунин раванди режими саҳюнистиро рӯ ба завол ва уфули дониста ва мантиқи мубориза бо ин режими ғосибро идомаи муқовимат то анҷоми як ҳамапурсӣ аз ҳамаи фаластиниҳои дохил ва хориҷи Фаластин барои таъини низоми сиёсии ояндаи ин кишвар эълом карданд. 
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп