Май 18, 2021 14:08 Asia/Dushanbe
  • Пештар низ раиси сиёсии Дафтари ҲАМОС ба Раҳбари Муаззами Инқилоб нома навиштааст
    Пештар низ раиси сиёсии Дафтари ҲАМОС ба Раҳбари Муаззами Инқилоб нома навиштааст

Раиси Дафтари сиёсии Ҷумбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос) дар номаи ҷадид ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Қудс, минтақаи Шайх Ҷарроҳ, Масҷид-ул-Ақсо ва Ғаззаро ташреҳ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, раиси дафтари сиёсии ҲАМОС  «Исмоил Ҳания»  рӯзи душанбе дар номаи ҷадид ба Раҳбари Муъаззами Инқилоб изҳор кард: Бо тавваҷӯҳ ба ташдиди таҷовузот ва ҷиноёти режими ишғолгари Қудс  алайҳи миллат ва муқаддасоти Фаластин, дар тамосҳои густарда бо тарафҳои мухталиф аз онҳо хоста шудааст монеъ аз пешбурди ҷиноёт ва аҳдоф шуми саҳюнистҳо шаванд ва ҳушдор дода шудааст, ки ин ҷиноёти қатъан аз сӯи  миллат ва муқовимати Фаластин бе посух нахоҳад монд. 

Ҳания таъкид кард: Исрори сарони ҷинояткори режими саҳюнистӣ бар идомаи таҷовузоти худ алайҳи миллат, сарзамин ва муқаддасоти Фаластин, ниёзманди посухи  қотеъ ва машрӯъ аз тариқи муқовимат дар Навори Ғазза буд. 

  

Раиси дафтари сиёсии ҲАМОС ёдовар шуд, ки душмани ҷинояткор бо кушандатарин силоҳҳои мамнӯаи байналмилалӣ ба таври шабонарӯзӣ алайҳи мардуми Ғазза  даст ба ваҳшиёнатарин ҷиноёт мезанад ва дар канори он фоҷиатарин ҷиноётро ҳам дар ҳаққи тазоҳуроткунандагон дар Қудс, Каронаи Бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолии 1948 муртакиб мешавад.   

Пештар низ раиси Дафтари сиёсии ҲАМОС дар номае  хитоб ба Раҳбари Муъаззами Инқилоб Исломӣ гуфта буд: Мо дар Ҷумбиши ҲАМОС нисбат ба таҷовузоту ҷиноёти душмани саҳюнистӣ дар моҳи мубораки Рамазон ва авзоъи муташанниҷ ва хатарноки ҳоким бар Қудс ва Масҷид-ул-Алақсо ва паёмадҳои хатарноки он ҳушдор медиҳем ва хостори таҳарруки фаврӣ ва мавзеи қотеъ дар қиболи ин ҷиноёт ҳастем. 

Дар даври ҷадиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, ки аз душанбе ( 10 май ) оғоз шудааст ва токунун ҳам идома дорад, дастикам 220 фаластинӣ, аз ҷумла  60 кӯдаки шаҳид ва беш аз 5600 нафар низ захмӣ шудаанд. 
  
    
  Бештар бихонед:

Барчасп