Май 19, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ” барои сохти ороишҳои минтақаи Шом мутаваққиф шуда буд
    Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ” барои сохти ороишҳои минтақаи Шом мутаваққиф шуда буд

Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ” ба коргардонии Довуди Мирбоқирӣ, азсар гирифта шуд.

Филмбардории сериали “Салмони Форсӣ”, ки бо оғози соли 1400 хуршедӣ ба таври муваққат мутаваққиф шуда буд, акнӯн пас аз сохти декор(ороиш)-и минтақаи Шом дар шаҳраки синамоии “Нур” оғоз шудааст.

Сериали “Салмони Форсӣ”, ки ба зиндагӣ ва замонаи саҳобии эронии Паёмбари Ислом (с) мепардозад, се фасли даврони Эрони Сосонӣ, Империяи Византия ва Ҳиҷози садри Исломро ривоят мекунад.

Филмбардории ин сериал, авохири ноябри 2019 дар ҷануби Эрон оғоз шуд ва пас аз густариши вируси корона низ бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ идома ёфт.

Ҳамзамон бо филмбардорӣ дар шаҳраки синамоии “Нур” ва сохти таҷҳизот дар шаҳраки синамоии Ғазолӣ, сохти ороиш дар шаҳри Дамованд дар устони Теҳрон низ оғоз шудааст.

Бар асоси пешбиниҳои сӯрати гирифта то поёни соли ҷории хуршедӣ филмбардории фасли Византия ба поён мерасад ва филмбардории фасли Эрони даврони Сосонӣ оғоз хоҳад шуд.

Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ”
Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ”
Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ”
Филмбардории сериали эронии “Салмони Форсӣ”

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп