Хариди С-400 дар дастури кори Эрон нест
Сафири Эрон дар Русия гуфт: Барномаи хариди сомонаи падофанди мушакии С-400 аз Русия дар дастури кори ҷумҳурии исломӣ нест.
РИА Новости ба нақл аз Меҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав навишт: Эрон мусаммам аст, ки ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ бо Русияро густариш диҳад, аммо хариди сомонаи С-400 дар дастури кори ҷумҳурии исломӣ нест.
Саноӣ дар заминаи густариши ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар арсаҳои дигар афзуд: Соли 2015 ду кишвар гомҳои ҷиддӣ барои иртиқоии сатҳи равобит бардоштанд ва дар соли 2016 низ асноде дар заминаи гумрукӣ имзо шуд .
Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин аз сафари ду рӯзаи Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи маҷлиси ин кишвар ба Теҳрон дар 13-и ноябр хабар дод ва гуфт: Ҳадафи ин сафар музокира бо мақомҳои эронӣ аз ҷумла раиси Маҷлиси Шӯроии исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар бавижа парлумонӣ аст .