Октябр 26, 2016 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сафири Эрон дар Русия дар бораи нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия дар хусуси нуфузи террористҳо дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Ба гузориш ИРНА, Маҳдии Саноӣ - сафири Эрон дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси Бошгоҳи мубоҳисаи Валдай дар Сочии Русия гуфт: Созмонҳои террористӣ ва ифротгаро Осиёи Марказиро ҳавзаи нуфузи ояндаи худ медонанд ва барои он барномарезӣ кардаанд.

Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба буҳронҳо дар Сурия, Ироқ ва Яман гуфт: Ҳузури неруҳое аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, ба вижа аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар гурӯҳи ифротии ДИИШ, гувоҳи ин матлаб аст, ки ҳаводиси Ховари Миёна ва Авруосиё аз якдигар таъсир мегиранд.

Саноӣ дар бораи рӯйкардҳои ховаримиёнаии Эрон низ гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора сиёсати усули мубтанӣ бар мухолифат бо эҷоди ҳар гуна даргирӣ ва талош барои афзоиши субот, мухолифат бо низоми якқутбии мавриди иддаои Амрико, эҳтиром ба орои миллатҳо ва ҳокимияти мунтахаби онҳо, дифоъ аз истиқлол ва манофеи миллии кишварҳоро дунбол кардааст.

Дар сездаҳумин конфронси Бошгоҳи мубоҳисаи Валдай шахсиятҳои сиёсӣ ва давлатӣ ва ҳамчунин пажӯҳишгарони барҷаста аз Русия, Эрон, Сурия ва чандин кишвари дигар дар шаҳри бандарии Сочии Русия ҳузур доранд.