Май 23, 2021 20:48 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: дар бораи бекор кардани 95 дарсади таҳримҳо тавофуқ шудааст
    Ироқчӣ: дар бораи бекор кардани 95 дарсади таҳримҳо тавофуқ шудааст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, таъкид кард дар бораи бекор кардани 95 дарсади таҳримҳо тавофуқ шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, "Саид Аббоси Ироқчӣ " пас аз баргашт аз музокироти Вена  рӯзи якшанбе дар нишасти комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси шӯроии исломӣ ширкат кард ва бо ироаи гузорише аз ин музокирот гуфт: 95 дарсад аз кулли таҳримҳо лағв шудааст. 

Шаҳриёри Ҳайдарӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Эрон пресс гуфт: Ироқчӣ эълом кард панҷ  дарсад ҳам дар ҳоли музокира аст ки дар идомаи музокирот  ин 5 дарсад низ бардошта хоҳад шуд. 

Ба гуфтаи Ҳайдарӣ: Ироқчӣ эълом кардааст таҳримҳо дар ду бахш, бахше ва фарде мавриди музокира қарор гирифта ва дар мавриди бахше аксари таҳримҳо лағв шудааст. Ҳайдарӣ гуфт: Дар бахш  фарде, ки бештари баҳси ниҳодҳо ва афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқист, аз 1500 мавриди таҳрим 1100 мавриди таҳримҳо бардошта шуда ва 400 маврид дар ҳоли музокира ва баррасӣ аст ки бармегардад ба мавзӯи нақзи ҳуқуқи башар ва ғайра, ки аз гузашта буда ва дар таҳримҳои асосӣ асаргузор нестанд. 

Узви камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Ироқчӣ ба баҳси созукори ростозмоии бардоштани таҳримҳо ҳам ишора кард ва умедворем дар марҳалаи иҷрои ҳам ба сурати мушаххас асараш дар кишвар, зиндагии мардум, органҳо ва ниҳодҳо дошта бошем. 

Ҳайдарӣ гуфт: Маҷлиси шӯроии исломии Эрон талош мекунад ба истинод ба мусаввабаи иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва таъкиди Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ин таҳримҳо низ бардошта шавад. 
  
  
  
  Бештар бихонед: 

  

Барчасп