Май 24, 2021 14:47 Asia/Dushanbe
  • Сардор Озмӯн дар 17 солагӣ ба Рубин Казани Русия пайваст ва ҷавонтарин легионери футболи Эрон лақаб гирифт
    Сардор Озмӯн дар 17 солагӣ ба Рубин Казани Русия пайваст ва ҷавонтарин легионери футболи Эрон лақаб гирифт

Муҳоҷими эронии тими футболи Зенит беҳтарин бозикуни фасли Лигаи бартари Русия интихоб шуд.

Бар асоси назарсанҷии пойгоҳи интернетии Спорт Экспресси Русия, ки аз миёни бозикунони шоғил дар Лигаи бартари футболи ин кишвар сурат гирифт, Сардор Озмӯн, миллипуши эронии тими Зенит бо 222 раъй ба унвони беҳтарин бозикуни фасли Лигаи Русия интихоб шуд.

Муҳоҷими эронии тими Зенит дар ин фасл бо ба самар расондани 19 гол дар сеюмин қаҳрамонии паёпайи тими худ дар лигаи Русия саҳми басазое дошт.

Сардор Озмӯн, бозикуни 27 солаи тими миллии футболи Эрон аст, ки дар тимҳои Ростов, Рубин Казан ва Зенити Русия бозӣ кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп