Май 26, 2021 21:19 Asia/Dushanbe
  • 38-умин ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷр то як ҳафтаи дигар дар Теҳрон идома дорад
    38-умин ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷр то як ҳафтаи дигар дар Теҳрон идома дорад

38-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии филми “Фаҷр” имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ойини расмии ифтитоҳи Ҷашнвораи ҷаҳонии филми “Фаҷр” асри имрӯз ҳамзамон бо рӯнамоӣ аз нусха тармим шудаи филми синимоии «Он сӯи оташ» сохтаи Киёнуши Айёрӣ аз коргардонони номошнои эронӣ оғоз шуд.

Муҳаммадмаҳдӣ Асғарпур, дабири Ҷашнвораи ҷаҳонии филми “Фаҷр” гуфтааст, дар ин ҷашнвора 122 филм дар 9 бахш аз беҳтаринҳои синвмои Эрону ҷаҳон бо ҳам рақобат мекунанд ва бисёре аз бахшҳои ин ҷашнвора ба сӯрати маҷозӣ баргузор мешавад.

Вай афзуд, дар ҳама ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ дар як солу ними ахир, ки даргири ҳамагирии корона шудаем, дар сӯрати қирмиз набудани шароит бахши намоиши филмҳо ба сӯрати ҳузурӣ ва бо ҷамъияти маҳдӯд баргузор шудааст ва мо ҳам дар назар дорем дар сӯрати муносиб будани шароит, намоиши филмҳоро ҳузурӣ баргузор кунем.

Асғарпур изҳор кард, дар сӯрати боз будан синамаҳо дар айёми ҷашнвора, филмҳои ин рӯйдод барои мухотабон бо як сеюми зарфияти синамаҳо намоиш дода мешавад.

Санамогароне аз кишварҳои Сербия, Филиппин, Латвия, Босния, Дания, Эрон, Қазоқистон, Афғонистон, Италия, Туркия ва Қатар доварии ин осорро бар ӯҳда доранд.

38-умин ҷашнвораи ҷаҳонии филми Фаҷр то як ҳафтаи дигар дар Теҳрон идома дорад.

Фурӯши билетҳои ин ҷашнвора аз дирӯз ба сӯрати онлайн оғоз шудааст