Интиқоди Эрон аз бархӯрди дугонаи қудратҳо бо мафоҳими ҳуқуқи башар
Раиси ҳайати парлумонии Эрон дар Иттиҳоди байналамаҷолис, бархӯрди дугонаи қудратҳо бо мавзӯи ҳуқуқи башар ба манзури таҳаққуқи аҳдофи шуми сиёсиро маҳкум кард.
Мустафо Кавокабиён-раиси ҳайати парлумони Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Иттиҳоди байналамаҷолис дар Женеваи Швейтсария, истифодаи абзорӣ ва бархӯрди дугонаи қудратҳо бо мавзуи ҳуқуқи башарро муҳиммтарин зарба ба мафоҳими ҳуқуқи башар донист ва гуфт, намунаи боризи нақзи густурдаи ҳуқуқ башарро метавон дар шароити кунунӣ буҳронҳои ҷории минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо мушоҳида кард.
Кавокабиён афзуд, миллати мазлуми Фаластин дар беш аз 70 соли гузашта бо вуҷуди иддаои ҳуқуқи башари қудратҳои бузург, аз ҳама ҳуқуқи асосии худ маҳрум буда, ки бетардид режими саҳюнистӣ бидуни ҳимояти густурдаи бархе қудратҳо, бавижа Амрико имкони анҷоми ҷиноётеро алайҳи фаластинён надоштааст.
Кавокабиён тасреҳ кард, дар ҳоле, ки қудратҳои бузург дар дохили кишварҳои худ бо табъизи нажодӣ ва нақзи густурдаи ҳуқуқи башар даргир ҳастанд, аммо вақеҳона ба баҳонаи дифо аз ҳуқуқи башар ва густариши демократия ҷиноёти зиёдеро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон муртакиб мешаванд.
Вай ба буҳрони Сурия ва дахолати бархе қудратҳо ва кишварҳои минтақа ва ҳимояти сареҳ ва ошкори онон, аз гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳам ишора кард ва гуфт, решаи аслии шаклгирии гурӯҳҳои террористии Алқоида, Ҷабҳаи Аннусра, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳо, тарвиҷи тафаккури ифротгароӣ тавассути бархе кишварҳо дар ҷаҳон будааст.