Июн 01, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: Шаҳид Ҳиҷозӣ улгӯи шоистае барои ҷавонон дар нерӯҳои мусаллаҳ аст

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, шаҳид Ҳиҷозӣ улгӯи шоиста барои насли ҷавони ҷомеъа бавижа дар нерӯҳои мусаллаҳ аст.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар манзили сардори шаҳид Саидмуҳаммади Ҳиҷозӣ бо хонаводаи ин шаҳиди воломақом дидору гуфтугӯ кард.

Сарлашкар Боқирӣ дар ин дидор бо ишора ба нақшофаринҳо ва хадамоти содиқона ва муассири шаҳид Ҳиҷозӣ тайи даврони мухталиф гуфт, шаҳид Ҳиҷозӣ дар масъулиятҳои мухталифе, ки бар ӯҳда доштанд чӣ дар даврони дифои муқаддас ва чӣ пас аз он ва ҳатто дар замоне, ки дар Лубнон ҳузур доштанд, ҳамвора таъсиргузор буданд.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳид Ҳиҷозиро муҷоҳид дар роҳи Худо  ва улгӯи шоиста барои насли ҷавони ҷомеъа бавижа дар нерӯҳои мусаллаҳ ва мудофеъони инқилоб ва меҳани исломӣ тавсиф кард.

Сарлашкар Боқирӣ хотирнишон кард, осору баракоти вуҷӯди сардор Ҳиҷозӣ барои ҳамеша дар азҳони размандагони ислом дар ҷабҳаи муқовимати минтақа боқӣ хоҳад монад ва таърих аз ӯ ва сардори дилҳо шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ ҳамвора ба некӣ ва бо эҳтиром ёд хоҳад кард.

Сардор Саидмуҳаммади Ҳиҷозӣ, ҷонишини фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, чанде пеш ба сабаби аворизи силоҳи шимиёии даврони дифои муқаддас ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп