Июн 01, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Генерал Раҳимӣ: Омодагӣ барои таъмини амнияти интихобот фароҳам шудааст

Фармондиҳи интизомии Теҳрони бузург таъкид кард, омодагӣ барои анҷоми интихобот дар амнияти комил фароҳам шудааст.

Генерал Ҳусайни Раҳимӣ, фармондеҳи интизомии Теҳрони бузург рӯзи сешанбе бо таъкид бар инки иҷоза намедиҳем кӯчактарин халали амниятӣ ва интизомӣ дар интихобот эҷод шавад, гуфт, дар Теҳрон беш аз панҷҳазор шуъбаи раъйгирӣ аст, ки омодагии лозим барои анҷоми интихобот дар амнияти комил ва оромиши лозим андешида шудааст.

Генерал Ҳусайни Раҳимӣ афзуд, интихобот размоиши бузурги миллати Эрон аст, ки ҳузури пуршӯр ва шуури мардум дар ин размоиш, дӯстонро умедвор ва душманонро маъюс ва ноумед хоҳад кард.

Генерал Раҳимӣ тасреҳ кард, низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷӯди душмании душманон ва касоне, ки мухолифи истиқлолу озодии он буданд рӯз ба рӯз муқтадиртар ба пеш хоҳад рафт ва ин бор ҳам мардуми Эрон нишон хоҳанд дод, ки ҳаргиз фиреб ва найранги душманонро нахоҳанд хӯрд.

Генерал Ҳусайни Раҳимӣ бо таъкид бар инки интихобот яке аз намодҳо ва нишонаҳои истиқлол ва озодии кишвар аст, афзуд, ҳама бояд худро дар ин муҳим саҳим ва дар сохтани фардои беҳтар мушорикат диҳем, чаро ки душманон ҳамаи талоши худро бакор бастаанд то мардум пойи сандӯқҳои раъй ҳозир нашаванд.

Сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, 28 хурдодмоҳи 1400 баргузор хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп