Афзоиши беш аз 10 ҳазор шуъбаи раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i68170-Афзоиши_беш_аз_10_ҳазор_шуъбаи_раъйгирӣ_дар_интихоботи_1400_и_Эрон
Дабири ситоди интихоботи кишвар аз афзоиши шуъбаҳои раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон бо ҳадафи риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 03, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • афзоиши шуъбаҳои раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон
    афзоиши шуъбаҳои раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон

Дабири ситоди интихоботи кишвар аз афзоиши шуъбаҳои раъйгирӣ дар интихоботи 1400-и Эрон бо ҳадафи риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эронпресс, Сайидисмоили Мусавӣ-дабири ситоди интихоботи Вазорати кишвар(дохила)и Эрон дар бораи барномаҳои вазорати кишвари Эрон барои эҷоди шури интихоботӣ  гуфт : Дар муқоиса бо давраи гузашта беш аз 10 ҳазор шуъбаро афзоиш додем, то мардум бидуни нигаронии вобаста аз корона пои сандуқҳои раъй ҳозир шаванд .

Сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон 18 июни 2021 ( 28 хурдоди 1400 шамсӣ ) баргузор мешавад .

 

  Бештар бихонед :