Июн 03, 2021 20:05 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммади Кишоварзизода-сафири Эрон дар Чин
    Муҳаммади Кишоварзизода-сафири Эрон дар Чин

Сафири Эрон дар Чин гуфт : Барномаи 25 солаи ҳамкории Эрону Чин фурсати муносибе барои таъомули ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аст .

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Кишоварзизода-сафири Эрон дар Чин дар конфаронси байналмиллалии “ Дӯстии мардум бо мардум”, гуфт : Эрону Чин бо баҳрамандӣ аз дӯстии суннатӣ ва мушорикати стратегии ҷомеъ, талошҳову тавофуқоти муштараки мухталиферо анҷом додаанд .

Кишоварзизода афзуд : Баёнияи муштараки ҳифзи мероси фарҳангии Осиё, тафоҳумномаи мубодилоти синамоӣ ва ҳамкории густарда бо расонаҳои иҷтимоӣ ва расмии Чин бархе аз заминаҳои ҳамкории Эрон ва Чин аст, ки кумаки зиёде ба дӯстии ду кишвар кардааст .

  Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Чин ҳамчунин дар нишасти тахассусӣ « Иртиботот бо кайфияти боло » бо ишора ба нақши арзандаву муҳими Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай дар афзоиши заминаи таъомули созанда ва муваллиди кишварҳо, панҷоҳумин солгарди равобит бо Чин, бистумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва низ дастовардҳои сутудании мардуми Ухани Чин дар ғалаба бар шуюъи коронаро нерӯҳои муҳаррики дӯстӣ ва ҳамкории бештари миллатҳо баршумурд .

Конфронси байналмиллалии ду рӯзаи “ Дӯстии мардум бо мардум” дируз ( чаҳоршанбе ) ва ба ҳиммати Созмони ҳамкории Шанхай дар устони Хубейи Чин оғоз шуд .

Беш аз 300 ширкаткунандаи чинӣ ва хориҷӣ ба сурати маҷозӣ дар ин конфронс ширкат карданд

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп