Июн 04, 2021 16:05 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҷумҳурии исломӣ муҳимтарин ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ) буд

Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд: Миллату кишвари мо имрӯз ва то ояндаҳои дур ба нигоҳбонӣ аз ёду хотираи имоми азиз эҳтиёҷ доранд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ, эшон имрӯз дар суханронии зиндаи телевизионӣ ба муносибати сивудувумин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ муҳимтарин ибтикори имоми бузургвор буд.

Раҳбари муаззами инқилоб таъкид карданд: Кори бузурги имоми бузургвори мо ин буд, ки ин фикру назарияи ҷумҳурии исломиро халқ кард ва онро вориди майдони назарияҳои сиёсии гуногун кард, баъд ба он таҳаққуқ ва айният бахшид.

Эшон афзуданд: Дар байни низомҳои олам, ки дар яке ду қарни ахир ташкил шуда, банда ҳеч низомеро суроғ надорам, ки ба андозаи ҷумҳурии исломӣ пешбинии заволаш шуда бошад. Аз рӯзи аввал бадхоҳоне, ки наметавонистанд ташкили низомро ҳазм кунанд, мегуфтанд, ин низом то ду моҳи дигар ва . . .аз байн хоҳад рафт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Инҳо нигоҳашон ба хеле аз инқилобҳову низомҳои баромада аз инқилобҳо буд. Ин инқилобҳо дар саросари ҷаҳон шурӯ шавқангезу поёни заҳрогине доштанд.

Раҳбари муаззами инқилоб гуфтанд: Рози пуршукӯҳу ифтихорбахши мондагории ин низом ин ду калима аст: Ҷумҳурӣ ва исломӣ, мардум ва Ислом, ҷумҳурӣ, яъне мардум ва Ислом, яъне мардумсолории динӣ.

Эшон афзуданд: Кори бузурги имоми бузургвори мо ин буд, ки ин фикру назарияи ҷумҳурии исломиро халқ кард ва онро вориди майдони назарияҳои сиёсии гуногун кард ва баъд ба он таҳаққуқ ва айният бахшид.

 

Бештар бихонед: