Июн 07, 2021 21:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ барои табодули дониши фаннии чорвопарварӣ

Муовини умури тавлидоти домии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон, аз ҳамкорӣ бо иқлими Курдистони Ироқ барои табодули дониши фаннии чорвопарварӣ ва содироти маҳсулоти домӣ (чорво) хабар дод.

Муртазо Ризоӣ дар дидор бо Бигард Дилшод Шукруллоҳи Толибонӣ, вазири кишоварзӣ ва манобеи табиии иқлими Курдистони Ироқ ва намояндагони давлати иқлими Курдистони Ироқ дар Теҳрон афзуд: Ду ҳадафи аслии чорвопарварӣ дар Эрон, таъмини протеини ҳайвонӣ ва тавсеаи пойдори шуғли чорвопарварӣ дар кишвар аст.

Вай афзуд: Эрон ҳафтумин кишвари тавлидкунандаи гӯшти мурғ аст ва беш аз ду миллиону 400 ҳазор тон гӯшти мурғи саноатӣ тавлид мекунад.

Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон бо ишора ба ин ки Эрон ҷузви даҳ кишвари аввали дунё дар парвариши кирми абрешим ва тавлиди абрешим аст, гуфт: Як ҳазору 670 тон пилаи тар дар соли гузашта тавлид шудааст ва Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ метавонанд дар заминаҳои мухталифе бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

Бигард Дилшод Шукруллоҳи Толибонӣ, вазири кишоварзӣ ва манобеи табиии иқлими Курдистони Ироқ низ дар ин дидор изҳор дошт: Иқлими Курдистони Ироқ дар ҳамсоягии Эрон қарор дорад ва мо марзи зиёде бо Эрон дорем ва бояд барои интиқоли таҷрибиёти Эрон дар заминаи дониши фаннии кишоварзӣ, духтури ҳайвонот, тавлидоти чорвоӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Эрон ба Курдистони Ироқ, бо Эрон ҳамкорӣ кунем.

Вай афзуд: Давлати нави иқлими Курдистон заминаи хуберо барои фаъолияти ширкатҳои хусусии бахши кишоварзӣ ва чорвопарварӣ фароҳам кардааст.

Толибонӣ афзуд: Бозорҳои иқлими Курдистони Ироқ ва кишвари Ироқ барои маҳсулоти кишоварзии Эрон омодагии комил дорад, ҳамчунин Эрон ва иқлими Курдистони Ироқ метавонанд дар заминаи иртиқои саноати кишоварзии иқлими Курдистон бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп