Октябр 29, 2016 10:12 Asia/Dushanbe
  • Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон

Федрико Мугарини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бомдоди имрӯз барои гуфтугӯ дар бораи масоили минтақаӣ ворид Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин мақоми масъул дар Иттиҳоди Аврупо қарор аст, имрӯз бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кунад. Мугарини ҳамчунин баъд аз дидор бо раисҷумҳури Эрон бори дигар гуфтугӯҳои худро бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон аз сар хоҳад гирифт ва дар наҳори кории вазири хориҷии Эрон ширкат хоҳад кард.

Тибқи он чӣ эълом шуда, меҳвари гуфтугӯҳои масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо мақомҳои Эрон баҳси Сурия хоҳад буд.