Дархости афзоиши сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Jun 2021 08:48:46 GMT )
Июн 10, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Тоҷикистон аз зарфиятҳои зиёде барои сармоягузорӣ ва афзоиши тиҷорати дуҷониба бархӯрдоранд
    Эрон ва Тоҷикистон аз зарфиятҳои зиёде барои сармоягузорӣ ва афзоиши тиҷорати дуҷониба бархӯрдоранд

Чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон бо имзои як санади ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба поён расид.

Дар дидори Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ду тараф роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ ва сармоягузории умури саноатиро баррасӣ карданд.

Дар маросими имзои санади ҳамкориҳои дуҷониба, ки бо ҳузури ҳайатҳои ду тараф ва ҳамчунин намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон баргузор шуд, Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва раиси тоҷикистонии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар суханоне, аз баргузории муваффақиятомези чаҳорумин Комиссияи муштараки ду кишвар дар Душанбе ибрози ризоият карданд.

Эрон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари мусулмон ва форсизабон, дар минтақа аз зарфиятҳои зиёду мутанаввеъе барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сармоягузорӣ ва афзоиши тиҷорати дуҷониба бархӯрдоранд. Мақомҳои ду кишвар дар солҳои гузашта садҳо санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон, барои иҷрои тарҳҳои умронӣ, шомили садсозӣ, пулсозӣ ва бунёди бузургроҳ имзо кардаанд. Бо вуҷуди ин, тардиде нест, ки иҷрои тавофуқномаҳои имзошуда миёни Теҳрон ва Душанбе ниёзманди иродаи ҷиддӣ ва оҳанини мақомҳои ду кишвар аст. Ба вижа, ки дастҳои пинҳону душманони густариши равобити Эрону Тоҷикистон бевақфа ба манзури тахриби равобити ду кишвари дӯсту бародар, яъне Эрону Тоҷикистон талош кардаанд. Бо вуҷуди ин тангназариҳо, чунин ба назар мерасад, ки дар моҳҳои ахир таҳарруки вижае ба манзури иртиқо ва густариши равобити ду кишвар фароҳам шудааст. Бо вуҷуди фарозу нишебҳои зиёд дар равобити Теҳрон ва Душанбе дар се даҳаи гузашта, бархе коршиносон тахриби доимии равобити Теҳрону Душанберо ғайримумкин медонанд.

Дар ҳамин иртибот, Сайфулло Сафаров, коршиноси сиёсии тоҷик муътақид аст: «Тоҷикҳо ба беҳбуди равобити Теҳрон ва Душанбе дар оянда умедворанд ва дар муқобили сиёсатҳои каримонаву гузашти Эрон, муҳаббате, ки мардуми Тоҷикистон ба мардуми Эрон доранд,  қобили васф нест».

Дар ҳақиқат, бо вуҷуди талошҳои бархе давлатҳои султагари ҷаҳонӣ ва давлатҳои тангназар дар сатҳи минтақа, коршиносон тахриби доимии равобити ду кишвари форсизабонро дур аз интизор медонанд. Таҷрибаи се даҳаи гузашта низ ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки талоши давлатҳои мухолифи густариши равобити Эрону Тоҷикистон ҳамвора бенатиҷа будааст.

Бо вуҷуди он ки миллатҳои Эрону Тоҷикистон дар даврае таърих дар қолаби як кишвари бузург, мутамаддин ва қудратманд дар ҷаҳон ифои нақш мекарданд, се даҳаи пеш, ки Тоҷикистон аз Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ истиқлол ёфт, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Дар пайи ин ақдоми арзандаи мақомҳои Теҳрон, Эрон дар ҷараёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар фосилаи замонии 1992 то 1997 мелодӣ талошҳои фаровону самарборе ба манзури миёнҷигарӣ ва поён додан ба даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар анҷом дод. Ин талошҳои Эрон саранҷом ба баргузории музокироти сулҳ ва имзои тавофуқномаи оштӣ миёни давлати Тоҷикистон ва мухолифонаш мунҷар шуд. Ба ҳамин далел аст, ки ба назар мерасад давлати Душанбе ва мардуми Тоҷикистон қадри ҳамкории муштарак ва робита бо Эронро бештар аз дигар кишварҳои минтақа медонанд. Бидуни шак, дархости мақомҳои Душанбе аз Теҳрон барои сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон, дар бахшҳои санаотӣ ва ва умронӣ низ аз ҳамин ҳақиқат маншаъ мегирад.

 

Бештар бихонед: