Доналд Трамп ва нақшаи нави Амрико барои конҳои истифоданашудаи Покистон
(last modified Mon, 21 Apr 2025 10:52:57 GMT )
Апрел 21, 2025 15:52 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп ва нақшаи нави Амрико барои конҳои истифоданашудаи Покистон

Порстудей - Нашрияияи амрикоии "Форен Полиси" аз чашмдошти давлати Амрико ба манбаъҳои маъдании Покистон хабар дод.

Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНА), дар ҳоле, ки талошҳои давлати дувуми Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико барои имзои тавофуқи маъданӣ бо давлати Украина ба баҳонаи бозпрдохт шудани кумакҳои ирсолӣ барои Киев дар тӯли ҷанг бо Русия идома ёфта ва ҳанӯз натиҷа надодааст, Маҷаллаи "Форен Полиси" ба инъикоси ибрози алоқаи Вашингтон ба даст ёфтан ба захираҳои маъдании Покистон пардохтааст.

 Ба навиштаи ин нашрия Эрик Мейер,мақоми баландпояи дафтари умури ҷануб ва маркази Осиё дар Вазорати умури хориҷаи Амрико дар сарварии як ҳайат роҳии Исломобод шуд, то дар иҷлосе бо мавзӯъи сармоягузорӣ дар ҳавзаи конҳо ширкат кунад. Мейер дар нишаст бо Шаҳбоз Шариф-нахуствазири Покистон гуфт Ширкатҳои амрикоӣ муштоқи сармоягузорӣ дар захираҳои маъдании дастнахурдаи Покистон ҳастанд, ки нишондиҳандаи як майл ва алоқаи шадиди гуруҳи Доналд Трамп ба ин ҳавза аст.

 Ба навиштаи Форен Полисӣ, ба назар мерасад, ки қонунгузорони Конгресси Амрико сигналҳои ҳаммонандеро дар бораи майли Амрико ба баҳрабардорӣ аз манбаъҳои маъдании Покистон мефиристанд. Ҷек Бергман-раиси муштараки кумитаи парлумонии Покистон дар Маҷлиси намояндагони Амрикл ахиран гуфт, ки ин ҳавза метавонад як "бахши калидӣ" дар мушорикат бо Покистон бошад.

 Бергман ҳафтаи гузашта сафареро ба Исломобод дар чорчуби аввалин ҳайати мақомҳои Конгресси Иёлоти Муттаҳида, ки аз соли 2023 ба ин су ба Покистон сафар карда, дошт.

Захираҳои маъдании Покистон шомили манбаъҳои бузурге аз мис ва тилло ва ҳамчунин маводи маъдании муҳимми дигаре назири литиум буда ва баровард шуда, ки сатҳи он ба ҳудуди 600 ҳазор километр мураббаъ , яъне масоҳате муодили 2 баробари Биритониё мерасад.Дар ҳоле, ки арзиши феълии захираҳои маъдании Покистон ҳашт триллион доллар баровард мешавад, Исломобод аз хеле вақт пеш ба доштани ин сарвати маъданӣ мубоҳот карда, аммо дар айни ҳол аз бобати ёфтани сармоягузороне, ки муштоқи баҳрабардорӣ аз ин захираҳо бошанд, ба мушкил бархурдааст.

 Форен Полиси мӯътақид аст, ки дар ин вазъият ибрози алоқаи давлати Амрико ба чунин сармоягузориҳое метавонад барои Исломобод муҳим бошад.Дар ин миён Покистон низ мумкин аст шоҳиди фурсате барои ба намоиш гузоштани сарватҳои маъдании худ хитоб ба давлате, ки шадидан рӯйкарди муомиламеҳвар дорад, бошад.

 Нахуствазири Покистон мӯътақид аст, ки сармоягузориҳо дар бахши маъданҳо метавонад вобастагии ин кишвар ба сармоягузориҳои байналмилалиро коҳиш дода ва давоми иқтисодии дарозмуддати онро тақвият кунад.