Июн 10, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 153 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар Эрон хабар дод .

  Ба гузориши ИРНА, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе эълом кард : Бо фавти 153 нафари дигар бар асари ибтило ба бемории " Ковид - 19 " дар шабонарӯзи гузашта шумори фавтиҳо ба 81 ҳазору 672 нафар расид .

  Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соъати гузашта 12 ҳазору 398 бемори ҷадиди мубтало ба " Ковид - 19 " дар Эрон шиносоӣ шуд, ки маҷмӯи беморон ба 3 миллиону 3 ҳазору 112 нафар расид .

Бар асоси ин гузориш  то кунун 2 миллиону  612 ҳазору 91 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо дар Эрон тархис шудаанд .

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  ҳамчунин гузориш дод 21 миллиону 194 ҳазору 370 озмоиши ташхиси " Ковид - 19 " дар кишвар анҷом шудааст .

Вазорати беҳдошт ҳамчунин эълом кард : То кунун 4 миллиону 289 ҳазору 395 нафар дозаи аввали ваксинаи корона ва 742 ҳазорқ 817 нафар низ дозаи дувумро тазриқ карда ва ваксинасия шудаанд, ки маҷмӯи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 5 миллиону 32 ҳазору 212 доза расид .

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп