Июн 10, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ : Таҳрим агар набуд мушкили таъмини ваксинаи хориҷӣ надоштем

Раиси Ҷумҳӯри исломии Эрон бо баёни инки таҳрим набуд мушкили таъмини ваксинаи хориҷӣ надоштем, гуфт : Давлати Эрон ба гунае барномарезӣ кардааст, ки мутмаинан то поёни соли 1400 ҳиҷрии шамсӣ ҳамаи гурӯҳҳои ҳадаф воксина шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вай бо ишора ба инки агар шароити таҳримӣ ва иқдомоти зиддибашарии Амрико набуд, бетардид имрӯз дар таъмини ваксина бо ин навъ мушкилоти рӯбарӯ набудем ва метавонистем ҷузви кишварҳои пешқадам дар ин ҳавза бошем, изҳор дошт : Ба рағми ҳамаи ин мушкилот ва дар ҳамин ҳолат ҳам фишорҳои ҳаддиаксариро пушти сар гузоштем ва тавонистем бидуни тавваҷуҳ ба фишорҳо агар чӣ бо сахтӣ ва машаққат  ваксинаро таъмин кунем ва дар ин масир ба мардуми мутаъаҳҳид шудем, ки тибқи санади миллӣ ва иқдомот, ваксинасия ба ҳамин сурат анҷом бигирад ва ҳамаи талоши худро анҷом хоҳем дод, ки то поёни давлат ваксинасияи гурӯҳи ҳадаф ( навбати як, навбати ду, навбати сеюм ) анҷом шуда бошад ва иқдомоти лозим барои таъмини ваксинаҳои мавриди ниёз барои навбати чаҳорум ( охир ) низ анҷом шуда бошад .

  Раиси Ҷумҳӯри исломии Эрон хотирнишон кард : Бар ин асос давлат ба гунае барномарезӣ кардааст, ки мутмаинан то поёни соли 1400 ҳамаи гурӯҳҳои ҳадафи ваксинасия шаванд ва барои солҳои ояндаи ҳам бидуни вобастагӣ ба хориҷ аз кишвар, ваксина ба таври комил таъмин ва ҳатто тавони содирот ба дигар кишварҳо фароҳам хоҳад шуд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп